МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ — ҚАДРШИНОСИИ ХИЗМАТҲОИ ШОИСТА

31 август 2026

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ — ҚАДРШИНОСИИ ХИЗМАТҲОИ ШОИСТА

Имрӯз барои коллективи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ифтихору фараҳ аст.

Боиси сарфарозист, ки Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод барои хизматҳои шоиста, фаъолияти содиқона ва саҳми арзанда дар пешрафти соҳаи сохтмон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.

Аз номи роҳбарият ва тамоми кормандони Дирексия, инчунин шахсан аз номи директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроби Файзалӣ, Розиқиён Зариф Абдувоҳидзодро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик менамоем.

Ин мукофоти давлатӣ рамзи эҳтиром ва қадршиносии меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамари Шумо мебошад. Мо ифтихор дорем, ки дар сафи коллективи мо чунин кормандони масъулиятшинос ва содиқ ба касбу кори худ фаъолият менамоянд.

Ба Шумо дар роҳи фаъолияти минбаъдаи меҳнатӣ тансиҳатӣ, неруи тоза, саодати рӯзгор, барори кор ва дастовардҳои боз ҳам бузургтар орзу менамоем.

Мукофоти давлатӣ — «Хизмати шоиста» муборак, Зариф Абдувоҳидзод!

Бигзор меҳнати содиқона ва хизматҳои шоистаи Шумо ҳамеша боиси ифтихори худ, ҳамкорон ва Тоҷикистони азиз гардад!

Бо эҳтиром,
коллективи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.