Дар бораи дирексия

МД «Дирексияи сохтмони»

МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Муассиса Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёд, таҷдид ва назорати сохтмони иншооти муҳими ҳукуматӣ таъсис дода шудааст. Муассиса ҳамчун ниҳоди соҳавии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, фаъолияти худро ба таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сохтмонии дорои аҳамияти давлатӣ равона менамояд. Дар тӯли солҳои фаъолият Муассиса дар бунёд, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дигар иншооти дорои аҳамияти стратегӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳар як иншооти бунёдгардида самараи сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори кишвар мебошад. Фаъолияти Муассиса дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, Оинномаи амалкунандаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, №454 тасдиқ гардидааст. Имрӯз Муассиса бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмон, риояи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва татбиқи назорати техникии босифат барои бунёди иншооти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фаъолияти худро идома дода, дар рушди инфрасохтори давлатӣ ва ободонии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.

Роҳбарият

Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ
Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ

Роҳбар

Шарифзода  Ҷ.
Шарифзода Ҷ.

Сармуҳандис

Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод
Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод

Сардори Раёсат оид ба корҳо