Logo

Дирекция по строительству
правительственных объектов исполнительного аппарата
Президента Республики Таджикистан

«ХИЗМАТИ ШОИСТА» — НИШОНИ ҚАДРШИНОСӢ

31 августа 2026

«ХИЗМАТИ ШОИСТА» — НИШОНИ ҚАДРШИНОСӢ

🏅 «ХИЗМАТИ ШОИСТА» — НИШОНИ ҚАДРШИНОСӢ

Имрӯз барои коллективи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ифтихор аст.

Бо камоли эҳтиром Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод-ро ба муносибати сарфароз гардидан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» самимона табрик менамоем!

Ин мукофот самараи меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти шоистаи Шумо мебошад.

Аз номи роҳбарият ва тамоми кормандони Дирексия, таҳти роҳбарии директор Саъдуллозода Суҳроби Файзалӣ, ба Шумо тансиҳатӣ, неруи тоза ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.

🇹🇯 Мукофот муборак, Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод!

Хизмати шоистаатон мояи ифтихори мост! 👏🏅