Дар бораи дирексия
МД «Дирексияи сохтмони»
Роҳбарият
Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ
Роҳбар
Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ
Роҳбар
Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ 27 марти соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, дорои маълумоти олӣ мебошад.
Соли 2005 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси таъмири газу гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ хатм намудааст. Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2010 ба ҳайси корманди техникӣ дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст. Дар ин ниҳод то соли 2016 дар вазифаҳои муҳандиси техникӣ, муҳандиси дараҷаи 2, муҳандиси дараҷаи 1, муовини сардори шуъбаи истеҳсолӣ ва сардори шуъбаи истеҳсолӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 2016–2021 вазифаи сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2021 директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад.
Шарифзода Ҷ.
Сармуҳандис
Шарифзода Ҷ.
Сармуҳандис
Шарифзода Ҷамшед
Шарифзода Ҷамшед 17 майи соли 1979 дар деҳаи Остона (собиқ Тошгузар), ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 1996 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Данғараро хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро дар хоҷагии зотпарварии ноҳияи Данғара ба ҳайси челонгар оғоз кардааст. Солҳои 2001–2002 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия фаъолият намудааст.
Соли 2005 ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ аз рӯйи ихтисоси “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” дохил шуда, соли 2011 онро бомуваффақият хатм намудааст.
Фаъолияти касбии худро дар соҳаи сохтмон идома дода, солҳои 2009–2018 дар ҶСК “СТС-Иншоот” ба ҳайси усто, саркор ва сардори минтақа кор кардааст.
Солҳои 2018–2020 муҳандиси дараҷаи якуми шуъбаи истеҳсолӣ, солҳои 2020–2022 сардори шуъбаи истеҳсолӣ буда, аз соли 2022 то имрӯз ба ҳайси сармуҳандиси МД “Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ” фаъолият менамояд.
Соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23 июли соли 2021 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамзамон, соли 2019 ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2023 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм намудааст. Ин маълумоти дуюми олии ӯ ба ҳисоб меравад.
Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод
Сардори Раёсат оид ба корҳо
Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод
Сардори Раёсат оид ба корҳо
Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод
Розиқиён Зариф Абдувоҳидзод 27 майи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, соҳиби маълумоти олӣ мебошад.
Маълумот
Соли 2000 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Фаъолияти меҳнатии худро дар мақомоти давлатӣ оғоз намуда, дар сохторҳои зерин фаъолият кардааст:
· мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
· мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино;
· Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар тӯли фаъолияти корӣ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва содиқ ба касб шинохта шудааст.
Аз соли 2016 то имрӯз дар вазифаи сардори Раёсат оид ба корҳои Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Мукофот ва қадрдонӣ
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2017 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
Солҳои 2020–2025 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардида, фаъолияти самаранок анҷом додааст.
Истинодҳои муфид
Сомонаи расмии Президенти ҶТ
Бонки миллии Тоҷикистон
Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати ҶТ
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ
Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон