Дар доираи сиёсати созанда ва дурнамои рушди инфрасохтори давлатӣ, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маркази шаҳри Тошканд маҷмааи нави бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Сохтмони иншооти мазкур дар заминаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда шудааст. Маҷмааи нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои марказии шаҳри Тошканд, дар қитъаи замини дорои масоҳати 1,40 гектар ҷойгир буда, аз нигоҳи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо дарназардошти талаботи муосир ба иншооти дипломатӣ тарҳрезӣ ва бунёд гардидааст. ЛОИҲА ВА РАВАНДИ СОХТМОН Лоиҳаи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд. 8 декабри соли 2021 маросими оғози корҳои сохтмонӣ ва гузоштани санги асоси маҷмааи нави Сафорат баргузор гардид. Аз ҳамон давра корҳои сохтмонӣ мутобиқи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ идома ёфта, маҷмаа дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шуд. Дар рафти татбиқи лоиҳа ба сифати корҳои сохтмонӣ, устуворӣ ва эътимоднокии иншоот, ҳусни меъморӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ ва мутобиқати маҷмаа ба талаботи муосири фаъолияти дипломатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. МЕЪМОРӢ ВА НАМУДИ ЗОҲИРИИ ИНШООТ Бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва намуди зебои меъморӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ симои шаҳрии минтақаи ҷойгиршавии худро такмил медиҳад. Дар тарҳи меъмории иншоот унсурҳои муосири сохтмонӣ бо ҳалли мувофиқи меъморӣ пайваст гардида, бино симои расмӣ, мутаносиб ва ба мақоми намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқро касб намудааст. Ба ороиши дохилӣ ва берунии бино, сифати корҳои анҷомдиҳӣ, равшанидиҳӣ, кабудизоркунӣ ва ободонии ҳудуди маҷмаа таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Ҳамзамон, дар раванди сохтмон истифодаи маводи босифати сохтмонӣ ва технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, барои таъмини фаъолияти устувори иншоот системаҳои зарурии муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ пешбинӣ гардидаанд. МАВҚЕИ МУҲИМИ МАҶМААИ САФОРАТ Маҷмааи нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд танҳо як иншооти маъмурӣ набуда, балки яке аз рамзҳои муҳими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Ифтитоҳи бинои нав дар замони рушди босуръати муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвари дӯст сурат гирифтааст. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардидаанд. Дар тӯли солҳои истиқлол муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи нави шарикии устувор ва ҳамкории ҳамаҷониба расидаанд. ИФТИТОҲИ ТАНТАНАВИИ БИНО 26 марти соли 2026, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шаҳри Тошканд маросими тантанавии ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуда, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас аз ифтитоҳи бино Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҷмааи Сафорат афрохта шуд. Сарони давлатҳо аз маҷмааи Сафорат боздид намуда, бо фаъолияти он ва имкониятҳои фароҳамгардида шинос шуданд. Ҳамчунин, онҳо дар китоби меҳмонони олимақом соядаст гузошта, барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон орзуву ниятҳои нек баён намуданд. ДАСТОВАРДИ ДИГАРИ СОҲАИ СОХТМОНИ ДАВЛАТӢ Ба истифода додани бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон натиҷаи татбиқи як лоиҳаи муҳими давлатӣ дар хориҷи кишвар буда, саҳми назарраси мутахассисони соҳаи сохтмон, лоиҳакашӣ, назорати техникӣ ва дигар сохторҳои марбутро таҷассум менамояд. Татбиқи чунин иншооти муҳим барои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ҳамчун сохтори масъули бунёди иншооти давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, таҷрибаи арзишманд ва нишондиҳандаи иқтидори касбии мутахассисони соҳаи сохтмон ба ҳисоб меравад. Сохтмон ва ба истифода додани иншооти мазкур бори дигар собит менамояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ ва бунёди иншооти ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморӣ ва сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд — на танҳо як иншооти муосири дипломатӣ, балки бозтоби меъмории давлати соҳибистиқлол ва рамзи таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.