БОЗДИДИ КОРӢ АЗ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15 October 2026

БОЗДИДИ КОРӢ АЗ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15 октябри соли 2026

15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе боздиди корӣ бо иштироки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни боздид масъалаҳои марбут ба корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъморӣ, сифати иҷрои корҳо ва раванди ободонии иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои иҷрошаванда ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул табодули назар сурат гирифт.

Дар боздиди мазкур директори Дирексия Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр, сардори раёсати сохтмони асосӣ Ҳадиятулло Изатович Атоуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Боздиди мазкур дар доираи ҳамкории сохторҳои масъул ҷиҳати пешбурди корҳои созандагиву ободонӣ, риояи меъёрҳои муқарраршуда ва таъмини сифату самаранокии корҳои сохтмонӣ аҳаммияти муҳим дорад.