Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи касбии сохтмончиён ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

06 август 2026

Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи касбии сохтмончиён ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Имрӯз, 6 августи соли 2026, дар Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи касбии сохтмончиён ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ директори муассиса Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ кулли сохтмончиён ва кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки соҳаи сохтмон яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб рафта, бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар садҳо иншооти муҳташами давлатӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сатҳу сифати баланд бунёд гардида истодаанд.

Таъкид гардид, ки дастовардҳои назарраси соҳаи сохтмон самараи меҳнати софдилона, масъулияти баланди касбӣ ва заҳмати шабонарӯзии сохтмончиён буда, онҳо дар ободонии Ватан, рушди инфрасохтори кишвар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар идомаи ҳамоиш як қатор кормандони фаъоли муассиса, намояндагони САНИИОСП ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ барои фаъолияти намунавӣ, саҳми назаррас дар татбиқи босифати лоиҳаҳои муҳими давлатӣ ва ба муносибати Рӯзи касбии сохтмончиён бо Сипосномаи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса тамоми сохтмончиёни кишварро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи созанда, дастовардҳои нав ва комёбиҳои боз ҳам бештар дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, обод ва пешрафта орзу намуд.

Рӯзи касбии сохтмончиён муборак!