ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛӢ — ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОХТМОНИ МУОСИР Варзишгоҳи миллӣ бо беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд

21 август 2026

ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛӢ — ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОХТМОНИ МУОСИР Варзишгоҳи миллӣ бо беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд

21 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи нави миллӣ ба истифода дода шуд.

Ба истифода додани ин иншооти муҳташами варзишӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими созандагӣ ва рушди инфрасохтори муосири кишвар ба ҳисоб меравад.

Варзишгоҳи миллӣ дар масоҳати 9,5 гектар бунёд гардида, дорои беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Иншоот аз ду сатҳи трибунаҳо иборат буда, дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва дар сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Иншооти ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ

Варзишгоҳ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалии ФИФА бунёд гардида, ба категорияи 2-юми байналмилалӣ дохил мешавад. Ин имконият медиҳад, ки дар он бозиҳои сатҳи баланди клубӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор карда шаванд.

Масоҳати зери сохтмони бино 27 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати умумии он зиёда аз 42 ҳазор метри мураббаъ-ро ташкил медиҳад. Баландии иншоот 33 метр буда, бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар маркази Варзишгоҳ майдони муосири футбол ҷойгир буда, андозаи майдони бозӣ 105×68 метр ва масоҳати он 7 140 метри мураббаъ мебошад. Ин нишондиҳанда ба талаботи байналмилалии ФИФА барои баргузории бозиҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Назорати пайвастаи раванди сохтмон

Дар тамоми марҳилаҳои бунёди иншоот масъалаҳои сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи техникӣ, муҳандисӣ ва бехатарӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ дар раванди назорати корҳои сохтмонӣ пайваста бо масъулони соҳа ва намояндагони ташкилотҳои пудратӣ ҷараёни иҷрои корҳоро мавриди баррасӣ қарор медод.

Аз ҷумла, 30 июли соли 2026, дар арафаи мавриди истифода қарор гирифтани Варзишгоҳ, бо иштироки директори Дирексия дар зеристгоҳи нави барқии иншоот ситоди корӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои насбу васли таҷҳизоти барқӣ, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи техникӣ ва муҳлати иҷрои корҳо баррасӣ шуданд. Ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ин зеристгоҳи барқӣ ҳамчун яке аз қисматҳои муҳими инфрасохтори муҳандисии Варзишгоҳ барои таъмини устувор ва боэътимоди неруи барқи иншоот пешбинӣ шудааст.

Корҳои муҳандисӣ ва инфрасохторӣ

Дар раванди сохтмон маҷмӯи корҳои муҳими муҳандисию техникӣ, аз ҷумла насби шабакаҳои барқӣ, обу корез, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, алоқа ва дигар системаҳои зарурӣ анҷом дода шуданд.

Ҳанӯз дар марҳилаҳои сохтмон иҷрои корҳои тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқ ва интернет, хатҳои обу корез, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, корҳои ороиши дохилӣ ва дигар корҳои махсус ба роҳ монда шуда буданд.

Дар баробари ин, барои таъмини бехатарии тамошобинон дар Варзишгоҳ 68 турникети муосири электронии байналмилалӣ насб гардидааст. Тарҳи дусатҳаи трибунаҳо ва низоми воридшавӣ ба талаботи бехатарии ФИФА мутобиқ гардонида шудааст.

Намои муосир ва имкониятҳои техникӣ

Намои асосии Варзишгоҳи миллӣ аз панелҳои муосири алюминӣ сохта шуда, бо системаи васеи проексияи медиавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар намои бино дар маҷмӯъ зиёда аз 30 ҳазор метр системаи муосири проексияи медиавӣ насб гардидааст, ки имконият медиҳад тасвирҳо, графика ва барномаҳои гуногуни визуалӣ мустақиман дар намои Варзишгоҳ намоиш дода шаванд.

Барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи васеъ барои зиёда аз 750 автомашина пешбинӣ гардида, масоҳати беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ кабудизор карда шудааст.

Саҳми Дирексия дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ

Мавриди истифода қарор гирифтани Варзишгоҳи миллӣ барои Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» низ рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.

Дирексия ҳамчун сохтори масъули татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ дар самти ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ, назорати иҷрои талаботи техникӣ ва сифати корҳои иҷрошаванда, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва пудратӣ ва назорати омодасозии инфрасохтори иншоот саҳми назаррас дорад.

Таҳти роҳбарии директори Дирексия Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ масъалаҳои вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои муайяншуда ва омодагии иншоот ба истифода пайваста мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса қарор доштанд.

Маҳз чунин назорати пайваста ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор барои дар муҳлати муайян ва бо сатҳи баланди сифату талаботи муосир ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мусоидат намуд.

Варзишгоҳ — рамзи созандагӣ ва рушди варзиши миллӣ

Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ дар Душанбе боз як намунаи равшани рушди инфрасохтори муосири варзишӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Иншооти мазкур барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бозиҳои футбол, чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ ва дигар ҳамоишҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Бунёди чунин иншооти бузург на танҳо ба рушди варзиш, балки ба баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои инфрасохтори муосир мусоидат хоҳад кард.

Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст саҳифаи нави созандагӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, самараи сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтори варзишӣ мебошад.

Барои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ба истифода супорида шудани чунин иншооти бузург ифтихор ва масъулияти бузург буда, шаҳодати он аст, ки бо меҳнати содиқона, масъулияти касбӣ ва татбиқи технологияҳои муосир метавон иншооти дорои аҳамияти миллӣ ва байналмилалиро дар сатҳи баланд бунёд намуд.

Варзишгоҳи миллӣ — рамзи неруи созандагӣ, рушди варзиши тоҷик ва қадами устувор ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.