🏅 ДУ ҚАДАМ БА СӮИ ИФТИХОР — ДУ ХИЗМАТИ ШОИСТА!
ҚАДР КАРДАНИ ХИЗМАТ — ҚАДР КАРДАНИ ИНСОН АСТ!
Боиси ифтихору сарфарозист, ки барои фаъолияти содиқона, меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти давлатӣ ва рушди соҳаи сохтмон, муовини директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ Саидзода Муҳаммадҷон ва сардори шуъба оид ба гузаронидани озмунҳо Карим Меҳриддин бо медали «Хизмати шоиста» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфароз гардонида шуданд.
Ин дастоварди арзанда, пеш аз ҳама, натиҷаи меҳнати содиқона, заҳмати пайваста ва иҷрои масъулиятноки вазифаҳои хизматӣ мебошад.
Дар ин замина, саҳми роҳбарияти Дирексия, бахусус директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроби Файзалӣ, дар фароҳам овардани муҳити созандаи корӣ, дастгирии кормандон ва ҳавасманд намудани онҳо ба фаъолияти самаранок қобили зикр аст.
Мукофоти давлатӣ танҳо як нишони сарфарозӣ нест — он эътирофи меҳнати ҳалол, масъулияти баланд, садоқат ба вазифа ва хизмати шоиста ба давлату миллат мебошад.
Сарфароз гардидани ду корманди масъули Дирексия бо чунин мукофоти давлатӣ барои тамоми ҳайати кормандон мояи ифтихор буда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам созанда ва масъулияти бештар рӯҳбаланд менамояд.
Аз номи ҳайати кормандони Дирексия ба Саидзода Муҳаммадҷон ва Карим Меҳриддин ин дастоварди арзандаро самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, неруи тоза, саодати рӯзгор ва комёбиҳои боз ҳам бузургтар дар роҳи хизмати содиқона ба давлату миллат орзу менамоем!
Медали «Хизмати шоиста» муборак бошад!