БОЗДИДИ КОРӢ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ

15 октябр 2026

БОЗДИДИ КОРӢ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ

15 октябри соли 2026 | шаҳри Душанбе

15 октябри соли 2026 директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои дахлдор аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ ба амал овард.

Дар боздиди мазкур директори Дирексия Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр, сардори раёсати сохтмони асосӣ Ҳадиятулло Изатович , сармеъмори шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни боздид масъулон бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, масъалаҳои марбут ба сифати корҳои иҷрошаванда, риояи меъёрҳои меъморию сохтмонӣ ва иҷрои саривақтии корҳои пешбинишударо баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул ва таъмини идомаи босифату саривақтии корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бунёди бинои нави Вазорати маориф қадами муҳим дар роҳи рушди инфрасохтори давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти соҳаи маориф мебошад.