Боздиди директори МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи...

29 июл 2026

Боздиди директори МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи...

Боздиди директори МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Директори МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал овард.

Зимни боздид, роҳбарияти муассиса аз рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, сифати корҳои анҷомёфта, истифодаи масолеҳи сохтмонӣ, риояи талаботи лоиҳавӣ ва муҳлатҳои иҷрои корҳо аз наздик шинос гардид.

Ба масъулини сохтмон ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва саривақтии корҳои боқимонда, риояи меъёрҳои техникиву муҳандисӣ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид гардид, ки бунёди бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, инчунин фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад дошт.