Logo

Дирекция по строительству
правительственных объектов исполнительного аппарата
Президента Республики Таджикистан

Ситоди корӣ дар зеристгоҳи барқии нави Варзишгоҳ барои 30 000 ҷойи нишаст

30 июля 2026

Ситоди корӣ дар зеристгоҳи барқии нави Варзишгоҳ барои 30 000 ҷойи нишаст

Ситоди корӣ дар зеристгоҳи барқии нави Варзишгоҳ барои 30 000 ҷойи нишаст

Дар доираи назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳ барои 30 000 ҷойи нишаст, дар зеристгоҳи барқии нави иншоот ситоди корӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ситод директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ якҷо бо масъулони соҳа ва намояндагони ташкилотҳои пудратӣ аз рафти корҳои иҷрошаванда боздид намуда, масъалаҳои вобаста ба насбу васли таҷҳизоти барқӣ, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи техникӣ ва муҳлати иҷрои корҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои бехатарӣ ва омодасозии зеристгоҳи барқӣ барои мавриди истифода қарор гирифтан дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки зеристгоҳи барқӣ яке аз иншооти муҳими инфрасохтории Варзишгоҳи миллӣ буда, барои таъмини устувор ва боэътимоди неруи барқи иншоот нақши калидӣ дорад.