Logo

Дирекция по строительству
правительственных объектов исполнительного аппарата
Президента Республики Таджикистан

СИТОДИ КОРӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ 30 ҲАЗОР-ҶОЙИ НИШАСТ

07 августа 2026

СИТОДИ КОРӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ 30 ҲАЗОР-ҶОЙИ НИШАСТ

Дар рафти ситоди корӣ директори Дирексия Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр, роҳбарияти соҳаи энергетика, директори Шабакаҳои барқ ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, масъалаҳои вобаста ба таъмини устувори неруи барқ, иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолиятро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ситод ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои босифати корҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Варзишгоҳи 30 ҳазор-ҷойи нишаст ҳамчун яке аз иншооти муҳими варзишӣ бо мақсади рушди инфрасохтори муосири варзишии пойтахт бунёд мегардад.