Logo

Дирекция по строительству
правительственных объектов исполнительного аппарата
Президента Республики Таджикистан

Имрӯз, 24 августи соли 2026, дар шаҳри Душанбе Театри миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

24 августа 2026

Имрӯз, 24 августи соли 2026, дар шаҳри Душанбе Театри миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

ИФТИТОҲИ ТЕАТРИ МИЛЛӢ

24 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Театри миллӣ бо тантана ифтитоҳ гардид.

Театри миллӣ — рамзи фарҳанг, санъат, меъмории муосир ва созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар бунёди ин иншооти муҳими фарҳангӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Бо роҳбарии директори Дирексия Саъдуллозода Суҳроби Файзалӣ ва бо меҳнати содиқонаи мутахассисон, сохтмончиён ва кормандони масъул, дар татбиқи ин лоиҳаи муҳими миллӣ корҳои созандагӣ анҷом дода шуданд.

Имрӯз дарҳои Театри миллӣ ба рӯи аҳли фарҳанг ва сокинони кишвар боз гардид. Иншооти мазкур минбаъд ҳамчун маркази муҳими фарҳангӣ ва саҳнаи бузурги санъати тоҷик ба наслҳои имрӯз ва оянда хизмат хоҳад кард.

Театри миллӣ — ифтихори Душанбе, зебоии Тоҷикистон ва мероси мондагори фарҳанги миллӣ!

Ин шоҳкорӣ ва муъҷизаи аср аст, вале ҳеҷ дастгоҳи муосири наворбардорӣ ин шукӯҳу шаҳоматро бо тамоми ҷузъиёташ нишон дода наметавонад. Танҳо бо чашму қалбҳои пур аз муҳаббату ифтихор аз ин диёр, аз ин Пешвои созандаю бунёдкор ва тоҷикони соҳибтамаддуну шаҳрсози ориёитабор метавон аз наздик ин кохи бегазандро диду ангушти ҳайрат газида, ба ояндаи боз ҳам дурахшони Ватан эътимод баст.

Бо созандагӣ ва ободкорӣ — ба сӯи фардои дурахшон!