Logo

Дирекция по строительству
правительственных объектов исполнительного аппарата
Президента Республики Таджикистан

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ХОБГОҲИ №1 БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

22 октября 2026

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ХОБГОҲИ №1 БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

22 октябри соли 2026 | ноҳияи Данғара

Директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншооти «Сохтмони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара» (бинои хобгоҳи №1 барои донишҷӯён) боздид ба амал овард.

Зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои техникӣ ва иҷрои саривақтии корҳои пешбинишуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бунёди хобгоҳи замонавӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди зисту таҳсили донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб заминаи муҳим мегузорад.