Logo

Дирекция по строительству
правительственных объектов исполнительного аппарата
Президента Республики Таджикистан

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИРЕКСИЯ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2026

01 октября 2026

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИРЕКСИЯ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2026

Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2026, дар вазорату идораҳо натиҷаҳои фаъолияти соҳавӣ дар 9 моҳи соли 2026 ҷамъбаст гардида, вазъи воқеии соҳа, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

Дар Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Дирексия дар 9 моҳи соли 2026 баргузор гардид.

Маҷлисро директори Дирексия Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти ҷамъбасти фаъолияти давраи ҳисоботӣ, таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда суханронӣ намуд.

Дар идомаи маҷлис сармуҳандиси Дирексия Шарифзода Ҷ. оид ба натиҷаҳои фаъолияти Дирексия дар 9 моҳи соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуда, рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, натиҷаҳои бадастомада, масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва кормандони Дирексия, намояндагони институти «САНИИОСП» ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок намуданд.

Дар фарҷоми маҷлис барои фаъолияти пурсамар, иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои хизматӣ, инчунин саҳми арзанда дар пешбурди корҳои сохтмонӣ ба як қатор кормандони Дирексия ва сохтмончиён Сипоснома ва медалҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳа заминаи муҳим барои тақвияти корҳои созандагӣ, баланд бардоштани сифати сохтмон ва иҷрои саривақтии вазифаҳои дар назди Дирексия гузошташуда мебошанд.