Сохтмони муассисаи замонавии таҳсилоти миёнаи умуми барои 640 хонанда дар маркази деҳоти Ромит, шаҳри Ваҳдат

Сохтмони муассисаи замонавии таҳсилоти миёнаи умуми барои 640 хонанда дар маркази деҳоти Ромит, шаҳри Ваҳдат

02.06.2026
НТҶ
Маълумотнома: Фармоишгари иншоот дар асоси банди 11-и Нақша чорабиноҳо аз 2-юми ноябри соли 2020, №24/10-412 , МД “ДСИҲ”-и ДИП ҶТ мебошад. Оғози кор: моҳи ноябри соли 2025 Лоиҳакаш: ҶСК ПИЛҶ “САНИИОСП” Пудратчиён: ҶДММ “Созандагони аём” Экспертизаи давлати: Қитъаи замини ҷудогардида: 1,5 га Эзоҳ: Муассиса аз 3 блоки (А,Б,В ) сеошёна ва блоки Г чорошёна бе таҳхона барои 640 хонанда лоиҳабандӣ гардидааст. Блокҳои А, Б ва В росткунҷа буда, андозаи умумии биноҳо дар тирҳо 55,2 м х 56,8 м- ро ташкил медиҳад. Баландии ошёнаҳо аз фарш то фарш 3,3 метр мебошад. Дар бино 32 синфхона барои 640 нафар хонанда ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи 1-уми блоки А утоқи директор, қабулгоҳ, муовини директор, сармуҳосиб, шуъбаи умумӣ, синфхона барои 24 хонанда ва утоқҳои санитарӣ, дар ошёнаи 2-юм ва 3-юм утоқи муовини директор, ҳуҷраи мурабӣ, 4 адад синфхона барои 24 хонанда, 2 адад барои 12 хонанда ва ҳуҷраҳои санитарӣ лоиҳабанди шудааст. Дар блоки Б -10 адад синфхона барои 24 хонанда, як адад синфхона барои 12 хонанада, 2 адад устохона барои 12 хонанда, 3 адад хонаи муаллимон ва утоқҳои техникӣ ва санитарӣ. Блоки В -ошхона барои 65 ҷойи нишаст, толори хурокхурии муаллимон, анбори китоб ва маҷалаҳо, қироатхона, қироатхонаи электронӣ, толори варзишӣ барои 139 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ барои 280 ҷойи нишаст, ҳуҷраи артистон, ҳуҷраи таҷҳизотҳои варзишӣ ва утоқҳои санитарию техникӣ. Блоки Г росткунҷа буда, андозаи умумии биноҳо дар тирҳо 44,2 м х 16 м- ро ташкил медиҳад.