СИТОДИ КОРӢ ДАР ТЕАТРИ МИЛЛӢ
Дар доираи назорати рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор, ситоди корӣ бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроби Файзалӣ ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар кори ситоди мазкур Раҳмон Точиддин, мудири бахши танзими техникии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода М., директори Муассисаи давлатии «Театри миллӣ», Хурматзода А., сардори Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонӣ, Каримзода М., сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Саидмуродзода А., директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Назарзода А., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Шамсизода С., сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва Саидзода Б.Б., директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Кенҷазода И., директори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқии шаҳри Душанбе», Раҳмонзода Ш., директори Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» ва Сафарӣ Иқбол Давлатзод, директори ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», иштирок намуданд.
Зимни ситод масъалаҳои вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳои анҷомдодашаванда, риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, таъмини бехатарии зиддисӯхторӣ, талаботи санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини шабакаҳои обу корез ва чораҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ситод аз рафти корҳои анҷомдодашаванда боздид намуда, барои бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои босифату саривақтии корҳои пешбинишуда ба масъулини дахлдор дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории самараноки сохторҳои давлатӣ, назорати мунтазам ва риояи қатъии талаботи меъёрҳои техникӣ омили муҳими бунёди иншооти муосир, босифат ва ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.