Боздиди роҳбарияти Дирексия аз як қатор иншооти сохтмонии ноҳияи Данғара
Дар ноҳияи Данғара директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Ҳабибзода Амонулло ва муовини директор оид ба сохтмон Раҳмонзода Наврӯз аз як қатор иншооти сохтмонии ҳудуди ноҳия боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар, сатҳу сифати корҳои иҷрошаванда, таъмини масолеҳи сохтмонӣ ва ҷараёни иҷрои корҳои пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбарият бо масъулини иншоот суҳбат намуда, барои баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, риояи қатъии талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ва ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайяншуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва иҷрои саривақтии лоиҳаҳо назорати мунтазам аз рафти корҳои сохтмонӣ тақвият дода шавад.