Боздиди муштараки роҳбарон аз рафти корҳои сохтмони роҳи канорагузари ноҳияи Рашт

04 август 2026

Боздиди муштараки роҳбарон аз рафти корҳои сохтмони роҳи канорагузари ноҳияи Рашт

Боздиди муштараки роҳбарон аз рафти корҳои сохтмони роҳи канорагузари ноҳияи Рашт

4 августи соли 2026. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Холмаҳмад, Директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ,ва Раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз ҷараёни корҳои сохтмони роҳи канорагузари ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид роҳбарон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, корҳои заминканӣ, омодасозии қитъаҳои роҳ, сифати иҷрои корҳои роҳсозӣ, истифодаи техника ва механизмҳои муосир, риояи талаботи лоиҳавӣ ва муҳлатҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонидани иншоот тамоми имкониятҳои техникӣ ва захираҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд.

Дар рафти боздид таъкид гардид, ки роҳи канорагузари ноҳияи Рашт барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, коҳиш додани сарбории роҳҳои марказии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа аҳамияти калон дорад.

Ба масъулини сохтмон ҷиҳати риояи қатъии талаботи лоиҳа, истифодаи масолеҳи босифат, таъмини техникаи бехатарӣ, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро бо масъулияти баланд идома дода, дар амалисозии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.