Боздиди муштараки роҳбарон аз рафти корҳои сохтмони Мактаби президентӣ дар ноҳияи Рашт
Боздиди муштараки роҳбарон аз рафти корҳои сохтмони Мактаби президентӣ дар ноҳияи Рашт
04 августи соли 2026, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, Директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ ва Раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти корҳои сохтмони Мактаби президентӣ дар ноҳияи Рашт боздиди муштарак анҷом доданд.
Зимни боздид роҳбарон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳои бинокорӣ, насби шабакаҳои муҳандисӣ, корҳои пардозӣ ва дигар корҳои иҷрошаванда аз наздик шинос гардида, ба масъулини фармоишгар, ташкилотҳои пудратӣ ва муҳандисони назоратӣ ҷиҳати таъмини иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳои пешбинишуда ва истифодаи масолеҳи ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат барои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии замонавӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Зикр гардид, ки Мактаби президентӣ дар ноҳияи Рашт аз ҷумлаи иншооти муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш барои фароҳам овардани муҳити муосири таълиму тарбия, рушди қобилияти хонандагони болаёқат ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсил дар минтақа саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар рафти боздид ба сифати корҳои иҷрошуда, риояи талаботи меъморӣ ва муҳандисӣ, суръати сохтмон ва истифодаи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супоридани иншоот супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи нақша идома дошта, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани онҳо тамоми имконияту захираҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд